
Имрӯз (01.10.2025) дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Квотаи президентӣ: аз имтиёз то фурсати рушду камолоти шахсӣ” бо ҷалби донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. суханронӣ намуда, афзуд, ки Квотаи Президентӣ яке аз ташаббусҳои муҳимми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо мақсади таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти олӣ барои ҷавонони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат роҳандозӣ шудааст. “Шумо на танҳо гирандагони як имтиёз, балки соҳибони як масъулияти бузург ҳастед, ки тавассути донишу ахлоқ, муҳаббат ба Ватан бояд посухгӯйи ин боварии давлат ва Пешвои миллат бошед”-афзуд Раҷабзода Ф.К..

Зимнан таъкид гардид, ки донишҷӯёне, ки тавассути Квотаи Президентӣ ба Донишгоҳ роҳ ёфтаанд, бояд аз имкониятҳои мавҷуда ба таври масъулона истифода баранд, ба таҳсил, интизом ва тарбия ҳамаҷониба аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ҳамоиш тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Дар анҷом, таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои тарбиявию маърифатӣ дар самти ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ миёни донишҷӯён нақши муассир дорад ва минбаъд низ ба таври мунтазам идома дода хоҳад шуд.