ЛИБОСИ МИЛЛӢ

344

Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ, нигаҳдорандаи фарҳангу тамаддуни миллат ба ҳисоб меравад. Зеро либос як рукни миллат ва баёнкунандаи симои ҳар миллат маҳсуб меравад. Ба хотири арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ таҳти сарпарастии шубаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети химия зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксияи тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.

Бонувону духтарони факултети химия бо як руҳияи болида дар толори калони факултет таблиғи либосҳои миллиро ба роҳ монданд.

Сипас муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н. суханронӣ намуда, зикр намуд, ки сухан ифодагари маданияти инсон аст, либоспӯшӣ низ таҷассумгари фарҳанги миллии мост. Халқи тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ дорад, одоби либоспӯшии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст.

Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд, ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд ва метавон гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат аст.

Дар ин радиф донишҷӯдухтарони факултет бо либосҳои миллӣ дар боғҳои назди донишгоҳ сайру гашт намуда, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур минбаъд дар дигар факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.