МАҲФИЛ: ТАЪСИРИ МАНФИИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

551

Имрӯз дар пояи  кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси мудири кафедра Д.Ахмедов ва раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра М.Алиева маҳфили «Физиологҳои ҷавон» баргузор гардид.

Дар он донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултет иштирок намуда, донишҷӯён Саидов Ҳ. ва А.Шодиева оид ба мавзуъҳои нуқсонҳои модарзодии дил ва таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон  маърӯза намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки зери таъсири омилҳои гуногун ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо ба амал меоянд, ки боиси каҷшавӣ, халалдоршавӣ ва қатъ гардидани равандҳои шаклсозӣ гардида, ин раванд боиси пайдоиши деформатсияҳои гуногун, аз ҷумла нуқсонҳои гуногуни модарзодии дил мегардад.

 “Телефон афканишоти электромагнитиро паҳн мекунад ва худи он дар наздикии бадани одам ҷойгир аст, хавфи зарари ин афканишот ба саломатии одам таъсир мерасонад. Ин афканишот ионизатсионӣ набошад ҳам, вале хусусияти баландкунии ҳарорати маҳалии бофтаҳои зиндаро дорад, ки мувофиқи гуфтаҳои олимон ин раванд ба пайдошавии аберратсияи хромосомавӣ дар ҳуҷайраҳо оварда мерасонад” – афзуд Саидов Ҳ..

Маҳфил бо саволу ҷавоб ҷамъбаст шуд.