МАҶМӮИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН БО РУСИЯ (дар ҳошияи сафари кории Владимир Путин ба Тоҷикистон)

502

Дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи на танҳо бунёди давлатдории миллӣ, балки ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Яке аз самтҳои асоси ва авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия мебошад.

Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 8 апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз соли 1992 то ба соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 250 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз оғози соҳибистиқлолӣ инкишофи пайгирона дошта, амалан тамоми соҳаҳои ҳаёт: сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат, ҳарбӣ – техникӣ, гуманитарӣ, энергетика, мудофиаи шаҳрвандӣ, илму фарҳанг, маориф ва ғайраро дар бар мегиранд.

Рушд ва раванди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23 апрели соли 2014 чунин баён намуда буданд: «Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо шарики асосии стратегии мо – Федератсияи Русия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.

Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Русия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Русия аст ва чунин хоҳад монд».

Робитаҳои Тоҷикистон ва Русия ба принсипҳои эътимоду боварӣ, ҳусни тафоҳум ва шарики озмудашуда асос ёфтааст. Чунин сатҳи робитаҳои давлатӣ пеш аз ҳама натиҷаи муколама ва машваратҳои доимии роҳбарони сиёсии ҳар ду мамлакат аст.

Сарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои давлатӣ, корӣ дар форумҳои байналмилалӣ боздидҳо ва мулоқотҳо ба амал оварда аз рӯи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта табодули назар менамоянд. Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 1999 ба Русия ба муносибатҳои шарикии стратегии ду мамлакат заминаи мустаҳкам гузошт. Дар ҷараёни сафари расмӣ ду санади хеле муҳим – Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои ҳам иттиҳодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри ХХI нигаронидашуда ва Аҳднома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. То ба ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ягон давлати хориҷӣ чунин аҳдномаҳоро имзо накарда буд.

Ин ва дигар омилҳо боиси ба шарики стратегӣ табдил ёфтани робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардиданд.

Дар таҳкими муносибатҳои иттиҳодӣ ва шарикӣ тақвият ва рушди робитаҳои дуҷониба нақши пешбарандаро сарони давлатҳо мебозанд.

Намунаи барҷастаи чунин муносибатҳо ташриф ва сафарҳои расмӣ ва давлатии онҳо ба кишварҳои якдигар аст. Ин сафарҳо хусусияти доимӣ гирифта, аксаран бо натиҷаҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон апрели 2001, июни 2004, июли 2007, октябри 2007, августи 2013, феврали 2014, 2019 ба Русия сафарҳои расмӣ анҷом дод. Президенти Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон ноябри соли 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012, феврали 2017, 2020 сурат гирифтанд. Ин сафарҳо ва ташрифот ҳам аз нигоҳи фосилавӣ ҳам аз нигоҳи муҳтаво хеле беназир буда аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстона гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни ин ташрифот масъалаҳои муҳими баҳамсозии Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои ҳарбӣ ва сарҳадот таъмини амнияти минтақа, тавсеаи алоқаҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ барраси гардида, якқатор созишномаҳо оид ба тадбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи гидроэнергетика ва фулузоти ранга, истихроҷи газ, нафт ва канданиҳои фоиданок ба имзо расиданд. Намунаи барҷастаи таҳкими муносибатҳои шарики байни ду кишвар ташрифи расмии Президенти Русия В.В. Путин ба Тоҷикистон 5 октябри 2012 ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни он санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ, энергетика, расондани маводи нафтӣ ва вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират имзо гардиданд. Соли 2013 ҷиҳати тадбиқи ин санадҳо Созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардиданд, ки тибқи он ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда нархи имтиёзнок муқаррар карда шуд. Шароити буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар карда шуда, муҳлати кор ва сабти номнависии онҳо дароз карда шуд. Сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқии обӣ дар шимоли ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуд.

Сатҳи баланди равобити сиёсӣ омили муҳими рушди ҳамкории стратегии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва иттилоотии дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ мебошад.

20 декабри 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

Зимни вохурӣ рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, муҳокима карда шуданд.

Ҳамчунин масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки кӯшишҳои ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар ҳама соҳаҳо натиҷаҳои назаррасро медиҳанд. Дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати Русиягӣ, аз ҷумла муштарак, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мебаранд, ки аз лиҳози назаррастарини он ҷамъияти саҳомии Русиягии «ЕЭС Русия», ки зимни сохтмони НБО Сангтӯда тақрибан 1,5 млрд. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва ҷамъияти саҳомии «Газпром», ки зиёда аз 50% бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро таъмин намудааст, ба ҳисоб мераванд.

Дар 5 соли охир, маблағгузорӣ ба Тоҷикистон ба 5 млрд. доллари амрикоӣ расид, ки ҳамасола маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳуриамон 37-40% маблағгузории берунаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Санаи 28 июн соли равон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд. Суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шуд. Дар ин зимн президентҳо қайд карданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин Сарони давлатҳо ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд доданд. Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд. Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд. Ҳамчунин дар рафти мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҳамин тавр, аз натиҷаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки вазъи кунунии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Русия бозҳам устувор боқӣ мемонад.

Ҷаъфаров С.Х. номзади илмҳои таърих, декани факултети МБ.

Мирзоев Ҳ.Т.-номзади илмҳои таърих, устоди факултет.