МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

366

Имрӯз (12.09.2023) бо ибтикори Консорсиуми «Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Аврупову Осиё», ки ДМТ яке аз муассисони он мебошад, ҷаласаи маҷозии «Мактаби байналмилалии мурофиаи судии ҷиноятӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 25 олимони соҳаи мурофиаи ҷиноятии донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд.

Дар ифтитоҳи кори «Мактаби байналмилалии мурофиаи судии ҷиноятӣ» роҳбари Консорсиуми «Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Аврупову Осиё» профессор Х.Мирзамонзода суханронӣ намуда, марбут ба муҳииммияти баргузории ин чорабинӣ андешаҳои худро баён намуда, иброз дошт, ки чорабинии мазкур метавонад барои рушди илми мурофиаи ҷиноятӣ, такмили қонунгузории давлатҳо, коркарди мафҳумҳои ягонаи илмии мурофиаи ҷиноятӣ ва бархурдорӣ аз амалияи ҳуқуқтатбиқкунии давлатҳо мусоидат намод. Сипас, мудири кафедраи фаъолияти судӣ ва мурофиаи ҷиноятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал ба номи В.Ф. Яковлев доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор В.М. Бозров дар мавзӯи «Сущность и содержание правосудия в российской науке уголовного процесса» маърӯза намуд.

Дар ин чорабинӣ, ки то моҳи майи соли 2024 идома менамоянд, маърӯзаи олимони тоҷик профессор Х. Мирзамонзода ва дотсент И. Маҳмудов низ ба нақша гирифта шудааст. Хотирнишон бояд сохт, ки чорабинии мазкур ду маротиба дар ҳар як моҳ ба нақша гирифта шуда, дар он масъалаҳои мубрами илми мурофиаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор дорда мешаванд.