МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ САРОНИ (ЛИДЕРОНИ) ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶАҲОН

648

Барои мо, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки санаи 6-уми августи соли 2021 дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов) нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.

Сарафароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мукофоти олӣ бори дигар далели он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) баҳри халқи Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар сатҳи олӣ пеш мебарад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳайси давлатдори пурмасъул ва намунавӣ намояндагӣ мекунад.

Халқи Тоҷикистон бо пешниҳоду ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст, эътироф намуд ва андешаи чандинсолаи худро бо ин қонун барасмият даровард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо кишварҳои хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бо саъюу талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 160 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар зимни ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид намуда буданд, ки «Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли бист соли охир борҳо намоиш додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем».

Дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишварро масъалаи барқарор гардидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки «Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо – Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».

Сарвари давлат 6 августи соли 2021 дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ афзуданд, ки “Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”. Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як чанд тадбирҳои судмандро пешниҳод карда, зарурати боз ҳам вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тақвияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бахусус дар самти таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои амниятии кишварҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои амниятиро таъкид намуданд. Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад, соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳимми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус таваҷуҳи ҳозиринро ҷалб карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва рушди созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ нақш доранд. Аз ҷумла масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти сарони давлатҳо (5 июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд. Дертар дар Шӯрои сарони давлатҳои аъзо, 15 июни соли 2001, Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд. Аз замони узвият дар созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасеро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, раёсати Шӯрои сарварони давлатҳои Созмонро дар солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 – 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд. Соли равон, ки аз таъсис ёфтани Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол пур мешавад, мутобиқи муқаррароти иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2021 – ум дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Дар сатҳи байналмилалӣ мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва намунаву ибратбахш бо чандин мукофотҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, Ҷоизаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми бузург дар таҳким ва рушди Иттиҳод, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Медали тиллои Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият “Ба ифтихори таҳкими сулҳ ва ризоияти байни мардумон” ва орден, медал, нишонҳои зиёди давлатҳои алоҳидаву созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.

Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далел гуфта метавонем, ки Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат барои сарони (лидерони) давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон гаштааст.

Д.Ш.Сангинов,

мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ

ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор