
Таҳти ин унвон имрӯз (24.06.2025) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ ва устодону кормандон баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Раҷабзода Ф.К. оғоз шуд. Зимнан таъкид гардид, ки раванди сулҳи тоҷикон воқеаи басо беназир ва омӯзанда аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифт. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо сокинони Тоҷикистонро ба ҳам овард, балки он ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон мусоидат кард. Сулҳу ваҳдати тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро, зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмию миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст. Зикр шуд, ки нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ беназир аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар давоми ҳамоиш номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳ Гулов Сангин дар мавзуи “Пешвои миллат – Пешвои ваҳдат”, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳ Олимов Кароматулло оид ба мавзуи “Ваҳдати миллӣ – асоси пешрафтҳои давлати соҳибистиқлол” ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳ Шарипов Шомаҳмад дар мавзуи “Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муваффақ гардидан ба Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш зумрае аз устодону кормандон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Ифтихорномаҳои ДМТ ҳавасманд гардонида шуданд. Дар охир барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ хотири иштирокчиёнро болида намуд.