МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

105

Кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 30-юми апрели соли 2025 конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Масоили муосири физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» баргузор мегардад.

Дар конференсия масъалаҳои зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

– таъсири омилҳои физикӣ ба нимноқилҳо, диэлектрикҳо, асбобҳо дар асоси онҳо ва объектҳои биологӣ;

– сохтор ва хосиятҳои наносистема ва дурнамои истифодаи он;

– технологияи муосири тайёр намудани элементҳои офтобӣ;

– моделсозии равандҳои физикӣ дар нимноқилҳо ва диэлектрикҳо.

Қоидаҳои тартибдиҳии мавод:

– ҳаҷми мавод: аз 3 то 6 саҳифа дар якҷоягӣ бо аннотатсия, калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф;

– сањифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 2 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, номи муассиса, ҷойи кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,15, фосилаи сарсатр 1 см, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо формула, расм, ҷадвал, рўйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;

– рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби истифода дар матн омода карда мешавад;

– баъди рўйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 12);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил), почтаи электронӣ ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) пешниҳод мешаванд.

Маводи конференсия ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид карда мешаванд. Бинобар ин мавҷудияти аннотатсия, калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошанд.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Маводи конференсияро метавонед ба суроғаи зер ирсол намоед: badriddin.rakhmatov.91@mail.ru

Муҳлати қабули мавод: то 10 апрели 2025

Макони баргузории конференсия: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 16, факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои маълумот: Раҳматов Б.А. +992 981 00 69 51; Наимов У.Р. +992 918 69 79 84.