Маълумоти умумӣ

Бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ қисми сохтории Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ мебошад ва фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, низомнома Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, фармоиш ва дастурҳои раёсати донишгоҳ амалӣ менамояд.

Вазифаи асосӣ ва уҳдадориҳои бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ банақшагирӣ, ташкил ва назорати ҳамагуна шакли корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.

Ба уҳдадориҳои бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти иттилоотӣ, ташкилӣ-техникӣ оид ба раванди қабул ва баҳисобгирии муҳассилини хориҷӣ дохил мешавад, аз он ҷўмла:

– гузаронидани санҷиши мувофиқати ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва мувофиқати он бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалкунандаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– нигоҳдошт ва пуркунии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ;

– ташкили базаи зарурии маълумотҳо дар бораи муҳассилини хориҷӣ;

– назорат дар самти ҷараёни супоридани санҷишу имтиҳонҳо дар раванди сессияи имтиҳонӣ.

Ба уҳдадориҳои бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ дар самти ташкили банақшагирӣ ва назорати фаъолияти таълимию тарбиявии кафедраҳо ва сохторҳои факултетҳо бо муҳассилини хориҷӣ дохил мешавад, аз ҷумла:

– назорат ва иҷрои ҷадвали таълимӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ;

– ташкил ва назорати гузаштани таҷрибаомўзиҳо аз ҷониби муҳассилини хориҷӣ;

– ташкил ва назорати кори илмӣ-тадқиқотии донишҷўёни хориҷӣ, ки дар кафедраҳо ва маҳфилҳои илмии донишҷўён амалӣ карда мешавад.

Ба уҳдадориҳои бахш кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ташкил ва назорат аз рўи гузаронидани корҳои иҷтимоию тарбиявӣ бо муҳассилини хориҷӣ дар ҷараёни таълим ва дар вақтҳои берун аз машѓулиятҳо дохил мешаванд, аз ҷумла:

– шинос намудани муҳассилини хориҷӣ бо қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, хобгоҳ, тартиботи таълим ва назорати риояи онҳо;

– гузаронидани кор оид ба пешгирии қоидавайронкуниҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, ва фарҳангию омавӣ, ташкили сафарҳои экскурсионӣ, ки ба ҷашнҳои миллии Тоҷикистон ва ба мамлакатҳои онҳо бахшида шудаанд;

– саривақт таҳия намудани даъватномаҳо барои гирифтани раводид;

– дар муҳлати муайяншуда пешниҳоди ҳуҷҷат барои тамдиди раводид ва бақайди ХШБ ВКД.

Сардори бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ: Наҷидинов Абдураҳмон Абдусаторович, тел.: (+992 37) 227-72-72, Почтаи эл.: tnu.int.re.visa@gmail.com

Сармутахассиси бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ: Боазиз Шоҳин, тел.: (+992 37) 227-72-72, Почтаи эл. : tnu.int.re.visa@gmail.com

ҶАДВАЛИ ОМОРИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДМТ

МУЪЛУМОТИ ОМОРИ ОИД БА ШУМОРАИ МУҲАСИЛИНИ ХОРИҶИИ ДМТ