МАОРИФ – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМТАРИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

354

Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Имрӯз мову шумо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии ба миён омадани тамоми пешрафтҳои халқи тоҷик гаштааст. Аз ин нуктаи назар мо тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои халқи тоҷикро самари истиқлолият гуфта метавонем.

Бе шак, эълон шудани Истиқлолияти давлатии тоҷик эълони марҳилаи нави таърихсозии ин миллат мебошад. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.

Оре, истиқлолият нишонаи асосии ҳастии миллат, кафили зиндагии босаодати мардум ва неъмати бебаҳоест, ки буданаш неъматҳои дигарро фароҳам меорад. Тавре ишора намудем, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард. Таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва хусусан, хуб шудани илмомӯзии ҷомеа, бештар гардид. Пешвои миллат дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд.

Имрӯз ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад ва Пешвои миллат рушди ин маркази бузурги илмӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Маҳз дар замони Истиқлолият дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 60 ихтисосҳои нав кушода шудааст, ки ҳамагӣ ин ихтисосҳо барои ҷомеаи наву соҳибистиқлоли мо заруранд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Бе тардид, ҳар чи мо дар ин 31 сол бад-он даст ёфтем, маҳз аз баракати Истиқлолият аст ва Истиқлолият бо ҳама дастовардҳояш натиҷаи сиёсати созандаву дурандешона, тадбирҳои саривақтӣ ва азхудгузаштанҳои Пешвои муаззами миллат аст. Ба ибораи дигар, Истиқлолият корномаи беназири Пешвои муаззами миллат аст. Пас, расидан ба қадри Истиқлолият, посдории арзишҳои миллӣ, пайравӣ аз Пешвои миллат ифтихор, шараф ва, пеш аз ҳама, масъулият аст.

Хонандаи азиз!

Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки шумо самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно дорам.

Истиқлолият фархунда бод!