МАРҲИЛАИ ДУЮМИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

689

 Бо мақсади рушди соҳаи варзиш дар доираи ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамосола мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» баргузор карда мешавад.

Бо ин мақсад санаи 30 сентябри соли 2020 дар МТМУ 31 ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” бо иштироки ғолибони марҳилаи якуми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар ин мусобиқа аз Донишгоҳи миллӣ:

Абдусалом Дадабоев – ходими пешбари ИИТ аз рӯйи бозингарони касбӣ сазовори ҷои 1;

Каримов Раҳматулло – методисти клуби «Шоҳмоти ДМТ» сазовори ҷойи 1;

Азизов Яъқуб – хонандаи литсейи донишгоҳ миёни наврасон сазовори ҷойи 1;

Аслонбеков Назирмамад – хонандаи литсей, байни хурдсолон сазовори ҷои 3-юм гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки марҳилаи сеюми мусобиқаи мазкур, аз санаи 1 октябр то 6 ноябри соли 2020 дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад.

Қисми ниҳоии он бошад аз 11 то 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Тибки иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маблағи умумии ҷоизаи “Ҷоми Пешвои миллат” 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.