МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

1033

Имрӯз (25.12.2020) таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи иқдомҳои пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», бо иштироки устодону донишҷӯён дар назди хобгоҳи №6-и донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар назди биноҳои хобгоҳ шахсан дарахт шинонида, масъулинро барои боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди хобгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Қобили қайд аст, ки дар пайи ин иқдом зиёда аз 80 дарахти ҳамешасабзу ороишӣ ва беш аз 100 дарахти мевадиҳанда, аз қабили ноку себу зардолу шинонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани саҳни биноҳои таълимиву хобгоҳҳои донишгоҳ аз машғулиятҳои баъдикориву баъдидарсии ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ гаштааст, ки суратҳои зер гувоҳи ин гуфтаҳост.