СТИПЕДИЯИ САФИРИ ЧИН ДАР СОЛИ 2024

168

Имрӯз (30.10.2024) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Амонулло Файзуллозода ва намояндагони сохторҳоидипломатию муассисаҳои таълимии ҳамкор иштирок намуданд.

Ибтито, пахши навори таърихӣ намоиш дода шуд, ки бо унвони “20 солагии фаъолият: Ман бо Донишкадаи Конфутсий ба воя расидам. Қиссаи таълимоти забони чинии омӯзгор Ван Хуэйҷуан дар Донишкадаи Конфутсий ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин” таҳия шуда буд.

Зимни баргузории чорабинӣ ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ташрифи сафири муҳтарам Ҷи Шумин ва меҳмонони гиромиро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҳандозии чунин чорабинии таълимӣ- маърифатиро заминаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки стипендияи Сафири Чин барои соли 2024 як лоиҳаи махсус аст, ки ҳадафи он ҷалб намудани ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ мебошад. Стипендияи Сафири Чин на танҳо мукофот барои донишҷӯёни аълохон аст, балки як омили ташвиқкунанда барои дигар донишҷӯёне, ки забони чиниро меомӯзанд, ба ҳисоб меравад. Таъсиси ин стипендия ба рушди минбаъдаи дӯстии ду кишвар – Тоҷикистон ва Чин мусоидат хоҳад кард.

Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса медиҳад ва пайваста таъкид мекунад, ки донистани забонҳои хориҷӣ омили муҳим дар рушди кишвар ва пешрафти ҳар як шахс буда, он метавонад дар табодули фарҳангӣ миёни миллатҳо ва шиносоии Тоҷикистон ба ҷаҳониён мусоидат намояд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин зимнан аз ҳамкориҳои судманд бо ДМТ, аз ҷумла бо Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ изҳори хушнудӣ намуда, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти маориф аз сиёсати созандаи роҳбарони олии кишварҳо унвон намуд. Зимнан гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкориҳо баҳри рушди илму маориф стипендия роҳандозӣ гардид, ки ҳадаф аз он дастгирии дӯстдорони забону фарҳанги Чин ва дар ин замина рушди ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён мебошад.

Баъд аз суханрониҳо аз ҷониби сафир наздик ба 30 нафар толибилмони марказҳои омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон соҳиби ифтихорнома, стипендия ва туҳфаи хотиравӣ гардиданд.

Маросими супоридани шаҳодатномаи стипендияи сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронӣ-миннатдории толибилмони забони чинӣ ва волидайни яке аз гирандагони стипендия, инчунин, бо гирифтани акси хотиравӣ ба охир расид.