МАСЪАЛАҲОИ ГЕОЛОГӢ ДУРУСТ ОМӮХТА ШАВАД…

311

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии навбатӣ бо устодону кормандони факултети геология фаъолияти сохторҳои мухталифи факултетро мавриди таҳлил қарор дод. Муҳимтарин масъалаҳое, ки ректори донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус намуданд, ин навиштани мақолаҳои илмии тақризшаванда, сари вақт дифои рисолаҳои илмӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, гузаронидани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва конференсияҳои онлайнӣ, фаъол намудани сохторҳои ҷамъиятии факултет ва амсоли инҳо буд.

Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳолати хуб ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои зертобеъ ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта омӯзиши илму таълим дар соҳаи геология рушд намуда, дастовардҳои назаррас аз пештара бештар ба чашм мерасад.Дар вохӯрӣ масъулин дар самти коркарди сангҳои ороишӣ ва ҳамкорӣ бо Парки технологии донишгоҳ, инчунин, ташкили коромӯзи дар ин самт дастурҳои мушаххас гирифтанд.