МАСОИЛИ МУБРАМИ ТАЪРИХ АЗ НИГОҲИ ТАЪРИХШИНОС

223

Бо ибтикори факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масоили мубрами таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар замони истиқлол» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар нишаст иштирокчиён роҷеъ ба мавзуъи нишаст суханронӣ намуда, саҳми устоди донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиёнро, ки айни замон дар арафаи таҷлили 70-умин баҳори умр қарор доранд, назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки саҳми профессор Қаҳҳори Расулиён дар баррасии масъалаҳои гуногуни таърих беназир аст. Гуфта шуд, ки профессор Қаҳҳори Расулиён умри пурбаракати худро сарфи таҳқиқи илми таърих намуда, дар ин ҷода шогирдону мутахассисони варзидаеро ба камол расонидааст. Имрӯзҳо ӯ ҳафтодумин баҳори умрро тай дорад, вале бо вуҷуди ин ҳамчун устоди соҳибмактаб бо шогирдон робитаи илмию эҷодӣ дорад.