(чанд сухан дар мавриди баргузории якумин Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, 12-13.05.2022, Қазоқистон)
Имрӯз бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятнок ҳамаҷиҳата дастгирӣ меёбад. Мисоли равшани гуфтаҳо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки зери сиёсати вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва дар заминаи ин омода намудани кадрҳои баландихтисос талаботи замони муосир мебошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад. Агар мо хоҳем, ки ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сатҳу сифати зиндагонии мардумамон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таъмини ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисодиёти бозорӣ ҷавобгӯ равона кунем».
Яке аз самтҳои беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия ин фаъолияти муносибатҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар самти ҳамкорӣ бо шарикони дохилию хориҷӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар самтҳои мухталиф созишномаҳои нави хамкориро ба имзо мерасонад.
Ҳамин аст, ки дар заминаи якумин Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки санаи 12-13-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ доир гардид, ДМТ бо чанде аз муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Форуми мазкур таъсиси фазои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ буд, ки ба густариши ҳамкорӣ ва фароҳам овардани фазои ягона дар сатҳи минтақа мусоидат мекунад.
Дар рӯзи аввали сафар ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Қ. Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон, профессор Ж. Туймебоев мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо робитаҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳоро баррасӣ намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои минбаъда андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода пешниҳод кард, ки лоиҳаҳои муштараки илмию таълимӣ дар самтҳои афзалиятноки Қазоқистону Тоҷикистон таҳия карда шавад. Дар навбати худ, профессор Ж. Туймебоев қайд кард, ки ба наздикӣ барӯйхатгирии стипендияи ба номи ал-Форобӣ оғоз мегардад, ки барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ квота ҷудо шудааст.
Қобил ба зикр аст, ки дар Форум намояндагони вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои минтақа, ҳамчунин, 133 намоянда- ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, муовини якуми вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилҷон Каримов, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Қуанш Ергалиев, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Расул Абазбек уулу, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Жансейит Туймебаев, ректори Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв Ерлан Сидиков иштирок доштанд. Дар ҷараёни форум иштирокчиён дар робита ба самтҳои мухталифи илму таълим андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.
Дар оғози Форум бевосита ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Жансейит Туймебаев, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Қуаниш Ергалиев, муовини якуми вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилҷон Каримов, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Расул Абазбек уулу, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв Ерлан Сидиков суханронӣ намуданд. Ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода зимни суханронии худ дар робита ба сатҳу сифати таҳсилот ва роҳҳои беҳтар намудани низоми он, ҳамзамон, мавқеи кишварҳо дар рейтингҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Баъдан ҷараёни Форум дар бахшҳо идома ёфта, масъалаҳои раддабандии донишгоҳҳо, табодули устодону донишҷӯён ва ҳамкориҳои гуногунсамтаи донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми Форум миёни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Ҳамин тариқ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қ. Хушвахтзода бо донишгоҳҳои зерин созишнома ба имзо расонид: Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи миллии омӯзгории занони Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ, Донишгоҳи Турон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Серикбоев Д..
Ёдрас мешавем, ки баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот мусоидат намуда, роҳҳои таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадамро нишон медиҳад. Яъне, чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар баробари рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, инчунин, оид ба густариш ёфтани ҳамкориҳои дипломатӣ низ созгор мебошад. Иштироки ҳайати Донишгоҳи миллӣ (Қобилҷон Қурбонов – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва Илёсҷон Ғаффорзода – директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ) таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода ва интихоби ректори донишгоҳ ба ҳайси сухангӯйи ин ҳамоиши байналмилалӣ, инчунин, имзои бештари созишномаҳо бо ДМТ аз мавқеи хосаи донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат дода, заминаи хуби ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳайё месозад.
Т.Иҳромов