Шоми дирӯз дар хобгоҳи №5-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатии тарбиявию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин суҳбат шахсони масъулу соҳибтаҷриба иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳимми рӯз ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Маҷидзода Д.М, декани факултети химия Файзуллозода Э., декани факултети фарматсевтӣ Каримзода Ф., устоди факултети филология Солиҳов Мирзо ва устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Иброҳимзода Шамсиддин иштирок доштанд.
Мавзуи асосии суҳбат аз солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, инчунин омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” иборат буд. Масъулон доир ба нақши ҲХДТ дар таҳкими арзишҳои давлатдорӣ, аҳамияти риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи муосир ва ҷойгоҳи “Шоҳнома” ҳамчун мероси бузурги адабӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин ба донишҷӯён вобаста ба иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ ва омодагӣ ба озмунҳо тавсияҳо дода шуданд.
Чунин вохӯриҳо баҳри боло бурдани сатҳи маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии донишҷӯён мусоидат намуда, дар таҳкими робитаи тарбиявии устодону донишҷӯён нақши муҳим доранд.










