МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

597

Рӯзҳои 11-12-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Катовитсаи Ҷумҳурии Полша байни 50 давлати Дунё бо иштироки 150 нафар ихтироъкор 15-умин Форуми ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар кори он бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ номзади илмҳои техникӣ, устоди ҷавони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи донишгоҳ Давлатмамадова Мавлуда иштирок намуд.

Мавсуф бо ихтирои худ дар Форуми мазкур соҳиби медали тилло, дипломи махсуси Ҷумҳурии Полша, медали ихтироъкори Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид.

Дастоварди илмӣ муборак, муаллимаи азиз!

Поздравляем Вас с достижением и от всего сердца желаем Вам и дальше так держать!