МЕДАЛУ ИФТИХОРНОМАҲО МУБОРАК!

291

Имрӯз баъд аз роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ зумрае аз устодон бо медалу ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Медали «Хизмати шоистаи Тоҷикистон»:-Абдуллоева Тутиниссо- муаллимаи факултети филологияи рус;-Акобирова Азиз – дотсенти факултети физика;-Андамов Раҷабалӣ – декани факултети геология;-Қосимов Исмоил – декани факултети механикаю математика;-Маҳмараҷабзода Муқаддас – дотсенти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ;Раҳмонов Ҳафиз – устоди факултети филология.

Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»:-Қурбонов Қобилҷон – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;-Мавлонзода Шуҳрат – дотсенти факултети филология;- Ҳайдаров Маҳмадёр – дотсенти факултети филология.

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ:-Раҷабзода Фариддун – декани факултети фарматсевтӣ;- Боазиз Шоҳин – сармутахассиси бахши кор бо шаҳрвандони хориҷии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;- Мирзоёров Фирдавс – дотсенти факултети филология;- Оринина Лариса – мудири бахши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;- Алиева Дилафрӯз- мушовири академии факултети филология;- Сахаратов Валӣ – мушовири академии факултети фарматсевтӣ.

Бо Ифтихорномаи_ДМТ :– Қаландаров Кароматулло, Ёраҳмадов Алиаҳмад, Тағоймуродзода Муҳаммад, Нурулҳақ Қамар, Раҷабов Насим, Холов Хуршед – устодони факултети фалсафа;-Расулов Додулло – дотсенти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ;-Исматуллои Сунъатулло – мудири шуъбаи хобгоҳҳо.

Муборак бошад, устодони азиз!