МЕХАНИЗМИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

336

Имрӯз (20.02.2022) бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Таъсиси режими миллии маблағгузорӣ ва механизми амали он дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба 80-солагии н.и.и., дотсент Худоиев М.Н. семинари илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Мавсуф доир ба аҳамияти баргузории семинар сухан намуда, зикр намуд, ки устод Худоиев М.Н. аз ҷумлаи иқтисодшиносони шинохтаи кишвар буда, дар кори таҳияву баррасии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дар соҳаи тайёр ва тарбияи наслу наврас ва мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ аспирантон, довталабони илмӣ, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ, ба иҷрои рисолаҳои номзадӣ машғул мебошанд.

Номбурда дар касбу ихтисоси худ аз он устодони моҳиру пуртаҷрибае ба шумор меравад, ки мислаш кам дида мешавад.

Баъдан декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Иброҳимзода И.Р доир ба саҳми устод Худоиев М.Н. дар илми иқтисод сухан намуда, зикр кард, ки Худоиев М.Н. муаллифи зиёда аз 100 таълифот ва корҳои илмӣ, аз ҷумла 22 монография, рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар нашр шудаанд. Дар асарҳо ва мақолаҳои илмии устод Худоиев М.Н. самтҳои афзалиятноки илми иқтисодӣ, аз ҷумла масъалаҳои ҳалталаби ташаккули муносибатҳои бозор дар Тоҷикистон, сиёсати аграрӣ, андозу буҷет, сармоягузорӣ ва механизми ба амал баровардани он, идоракунӣ ва танзими қарзи берунӣ, такмили назорати молиявӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавӣ, узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, таваррум ва бозори қувваи корӣ, таъсиси режими миллии маблағгузорӣ ва механизми амали он дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Ҳамзамон, дар семинар н.и.и, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон – Саидмуродова М., узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Л., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Мирбобоев Р. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир зикр гардид, ки устод Худоиев М.Н. дар таҳия ва баррасии лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол, хазинадорӣ, молияи давлатӣ, назорати молиявӣ, буҷети давлатӣ, маориф, сиёсати ҷавонон ва дигар санадҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ саҳми арзанда гузоштааст.