МИЗИ МУДАВВАРИ “ЗАБОНИ РУСӢ-ЗАБОНИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ ДАР ИДМ”

180

Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. дар мизи мудаввари маҷозии “Забони русӣ- забони ҳуқуқэҷодкунӣ дар ИДМ”, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ баргузор карда шуд, иштирок намуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Л.Н. Скаковская баргузор гардид. Профессор Мирзамонзода Х.М. дар мавзӯи “Нақши барномаҳои муштараки таълимӣ дар амалигардии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкориҳои гуманитарӣ дар миқёси ИДМ” маърӯза намуд.

Ҳамзамон, пешниҳод карда шуд, ки бо назардошти пешрафти илму технологияи рақамӣ, рушди бемайлони истифодаи воситаҳоли техникӣ ҳамкориҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви ИДМ дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ, эстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи муходир, яроқ ва ғ. доираи фаъолияти Консорсиуми “Донишгоҳи ҳуқуқии Аврупову Осиё”, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисони он маҳсуб меёбад, омода намудани магистрон соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ (искуственный интеллект) дар соҳаи криминалистика ва мурофиаи судии ҷиноятӣ тақозои замон мебошад. Дар ин самт бо истифодаи имконияти Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ таҳия ва амалисозии барномаи таълимии муштараки магистрӣ саривақтӣ мебошад.

Дар кори мизи мудаввар, намояндагони Шурои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Руссия, Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, экспертони соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ аз давлатҳои ИДМ, Вазорати хориҷии ФР иштирок намуданд.