МО БОЯД НБО-И «РОҒУН»-РО БИСОЗЕМ…

328

#Сафар_ба_НБО-и «Роғун»

Имрӯз,18-уми августи соли 2023 барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ рӯзи хотирмону таърихӣ буд. Субҳгоҳ аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” –и ҲХДТ, яъне зумрае аз устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони Ҳизми Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз раванди бунёдкориҳои НБО-и «Роғун» боздид намуданд. Ҳайати донишгоҳ бо роҳбаладии масъулини НБО-и «Роғун» ба гурӯҳҳо тақсим шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин Неругоҳи бузурги аср боздид намуданд. Соҳилмаҳкамкунӣ, шағалрезӣ, сангчинӣ, кӯҳдӯзӣ (кӯҳмустаҳкамкунӣ), кор дар нақбҳо ва баромади нақбҳои обпарто, агрегати неругоҳ аз ҷумлаи ҷойҳое буданд, ки диққати ҳайатро ҷалб намуданд. Тибқи иттилои масъулин дар ин неругоҳи бузург ҳамватанон бисёр ҳам амалҳои душвор, вале мондагорро ба сомон мерасонанд. Зимни суҳбатҳо муаяйн гардид, ки сохтмончиён дар вақтҳои истироҳатӣ ба хондани китобҳои бадеию маҷаллаҳо машғул мешаванд. Дар зимн аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин чандин китобҳои илмию бадеӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ба ҷониби донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Баъд аз боздид ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ба сохтмончиён маҳфили шеъру суруд ороста, бо таронаҳои дилнишину сурудҳои ҷаззоб хотири онҳоро болида сохтанд.

Сафар хеле ва хеле хотирмон буд. Мушоҳида намудем, ки ҳамватанон бо шиори «Мо бояд НОБ-и «Роғун»-ро бисозем» фаъолият доранд. Хизмати сохтмончиён кори ниҳоят бузургу мондагор ва сутуданист.