
Имрӯз (15.04.2025) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Механизмҳои нави муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар шароити ҷаҳонишавӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» дар толори калони бинои асосии Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ, нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, сипас мутобиқ ба барнома намояндагон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Иброз гардид, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб менамояд. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа ва шаҳрвандон низ зарур аст.
Ҳамзамон, дар конференсияи мазкур оид ба механизмҳои нави муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб андешаронӣ гардида, маълумоти оморӣ, тартиби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳкор, тартиби озод шудан аз адои ҷазои ҷиноятӣ, механизмҳои муосири ошкоркунандаи чунин ҷиноятҳо ва роҳҳои пешгирии содиршавии амалҳои террористию экстремистӣ, инчунин барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.