МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

8

Бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуб, таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, мавриди татбиқи пайгирона қарор дорад. Ин санади муҳим самтҳои асосии сиёсати давлатро дар мубориза бо коррупсия муайян намуда, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ замина мегузорад.

Дар доираи татбиқи ин стратегия, дар толори Ганҷинаи ба номи профессор Ш. Ҳусейнзодаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо иштироки устодону кормандони факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус ва иқтисод идора, инчунин намояндагони раёсати Донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – капитани адлия Одил Абдуллозода ва Парвиз Ёдгорзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз гардида, мавсуф аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ махсус таъкид намуд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҳамаи давру замонҳо ҳадафи асосии ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсӣ таъмини зиндагии осоишта, рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия, аҳамияти калидӣ дорад. Таъкид шуд, ки муборизаи муассир бо коррупсия танҳо дар шароити ҳамкории зичи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд имконпазир мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили экстремизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯ ба рӯ мебошад. Дар ин замина, коррупсия ҳамчун яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин таҳдидҳо арзёбӣ гардида, метавонад ба рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ расонад.

Намояндагони Агентӣ оид ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти дахлдор ба шумор меравад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои коррупсионӣ даъват карда шуданд.