МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

39

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳон яке аз масъалаҳои мубрам ин муқовимат ба савдои одамон ба ҳисоб меравад. Гарчанде савдои одамонро қонунҳои кишварҳои олам маҳкум намояд ҳам, вале ин ҳолатҳо рӯз то рӯз афзуда истодааст. Махсусан савдои занон ва кудакон бисёртар мушоҳида карда мешавад.

Омилҳои истисмор гардидани инсон чунинанд:

1. Паст будани шуури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;

2. Мағзшӯи шудани ҷавонон ва ифроти динӣ;

3. Нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ;

4. Бо сабаби муҳоҷират шудан ва барои кор кардан ба кишварҳои хориҷӣ ва ғ.

Дар навбати худ истисмори инсон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

истисмори иқтисодӣ – истисмори инсон ё меҳнати вай бо мақсади гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи гузоштани ӯ дар асорати қарзӣ, ҳолати ғуломӣ ё истифода бурдан барои меҳнати ғуломона, меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ва ё дар ҳолати ба ғуломӣ монанд;

истисмори шаҳвонӣ – гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба воситаи маҷбур кардани шахси дигар, аз ҷумла бо роҳи сӯиистифода аз ҳолати оҷизии ӯ ба расонидани хизмати дорои хусусияти шаҳвонӣ ё ба содир намудани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла истифодаи ӯ барои машғул шудан ба фоҳишагӣ, иштирок дар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти шаҳвонӣ, тайёр кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё нигоҳ доштан дар ғуломии шаҳвонӣ;

Таҳлилҳои муқоисавӣ-ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки аксари занҳо бештар ба истисмори шаҳвонӣ дучор мегарданд. Кӯдакон бошанд бештар ба истисмори иқтисодӣ.

Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.

Савдои одамон, ки ҳамчун ғуломии асри 21 шинохта мешавад, ҳамасола садҳо ҳазор нафарро ба доми худ мекашад. Департаменти давлатии ИМА қайд мекунад, ки ҳар сол беш аз ним миллион нафар қурбонии ин ҷиноят мешаванд. Тоҷикистон барои мубориза бо ин зуҳурот, аз ҷумла қонунгузории махсус ва нақшаҳои миллиро барои муайян ва кумак ба қурбониён амалӣ мекунад.

Ҳанӯз 15 декабри соли 2000 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумла Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво имзо ва 29 майи соли 2002, №645 тасдиқ гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби Тоҷикистон 26 декабри соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқ кӯдак ва 5 августи соли 2002 Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона дахл дорад ба тасвиб расид.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ савдои одамонро қатъиян маҳкум менамояд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” 26 июли соли 2014 №1096 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 аз 24 июли соли 2025, № 403 амал менамояд.

Савдои одам ин поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Бевосита дар моддаи 5-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки : инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд ба мақомоте, ки фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро анҷом медиҳанд, мусоидат намоянд.

Аз ҷумла тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон чунин салоҳиятҳоро доранд:

– таҳия, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуиро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, қабул мекунад;

– иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

– Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд;

– нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд ва татбиқи онро таъмин мекунад;

– барномаҳои мақсадноки давлатиро, ки барои муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдиқ мекунад;

– оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон тадбирҳо меандешад;

– барои таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чораҳо меандешад.

Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқ озодиҳои ӯ боло буда наметавонад.

Ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин вазифаи давлат ба ҳисоб меравад. Вақте ки онро поймол менамоянд ё ин ки ба савдои одамон табдил медиҳанд дар ин маврид таҳдид ба манфиати миллӣ пайдо мешаванд. Маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин гуна ҷиноятҳои вазнин ҷавобгарии ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, моддаи 130-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми одамрабоиро ба таври зерин пешбинӣ карда ҷазо муқаррар намудааст:

1) Одамрабоӣ, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Мутобиқи моддаи 130 (1) Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол, аз ҳашт то дувоздаҳ сол, аз дувоздаҳ то понздаҳ сол, ҷазо дода мешавад.

Масъалаи дигар ин ба таври маҷбур ва ё бо роҳи таҳдид кардан, истифодаи зӯри ба муқобили қурбониёни савдои одамон ба ҳисоб меравад. Ба ин гуна кирдор низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии Ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи моддаи 134-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбати ў ё нисбати дигар шахсони ба ў наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онҳо, паҳн кардани маълумоти тўҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ин шахсон, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад ба корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки савдои одамон ин ҷинояти хеле вазнин ва кирдори номатлуби инсон ба ҳисоб меравад. Барои нест намудани ин гуна кирдорҳо ҳамаи мову Шумо бояд мубориза барем. Ин танҳо вазифаи Ҳукумат ва ё мақомотҳои давлатӣ нест. Мо бояд дастаҷамъона бар зидди ин омил муқовимат барем. Барои истисмор шудани кӯдак низ айби падару модар калон мебошад. Беэътибории ва бемасъулиятии падару модар боиси ба шомил шудан ба гурӯҳҳои ифроти ва экстремистию терористии фарзанд мегардад. Падару модар ва омӯзгорон вазифадор аст, ки кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯсти ва худшиносии миллӣ таълиму тарбия намояд. Аксари ҷавонон ки қурбони савдои одамон шудааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯи гардидааст. Ё худ паст будани шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсии шахс барои савдои одам шароит фароҳам меорад. Зеро бештари одамон аз донишҳои илмӣ сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дур мебошад. Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешваои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2025-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон накардаанд.

Донишҷӯи курси 3-и ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ Эргашев Оғабек Абдураҳмонович