МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ДАР ШУРО

180

Имрӯз (22.12.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои донишгоҳ низ муаррифӣ шуданд. Ин ҳам бошад ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. барои хизматҳои шоиста ва масъулияти касбӣ дар тарбияи насли ҷавону ояндасоз, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи бахши суғурта ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҶДММ “Сипитамен Иншуренс” бо сипосномаи ҶДММ “Сипитамен Иншуренс” қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, устодони донишгоҳ, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва профессори факултети филологияи тоҷик Солеҳов Мирзо Одинаевич бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” ҳавасманд гардонида шуданд.

Муборак бошад!