Имрӯз (19.10.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд. Дар оғоз устодоне, ки дар самти тадқиқоти илмӣ бо дастовардҳои назаррас шарафёб шудаанд, муаррифӣ шуданд. Сипас, иштирокчиёни фаъоли озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки аз санаи 09.10.2022 то 14.10.2022 бо роҳбарии декани факултети молиявию иқитисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. дар шаҳри Сириуси Федратсияи Россия доир шуд, муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа як қатор устодону кормандон барои фаъолияти назаррас дар самти илму таълим, хусусан иштирок дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрию ҷумҳуриявӣ бо Шаҳодатнома қадрдонӣ шуданд.
Дар зимн ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулин дастур дод, ки донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ба корҳои илмию тарбиявӣ ҷалб гарданд.