МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ВА СУПОРИДАНИ МУКОФОТПУЛИҲО

924

Имрӯз (03.04.2021) ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо муаррифии дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфт. Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фарматсевтӣ, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дипломи «Академики Академияи байналмилалии таҳсилот ва илми Украина», ба устоди факултети журналистика Ализода Абдурашид Хуҷамқул «Дипломи дотсентӣ», ба ғолибон ва роҳбарони олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» «Ифтихорнома» ва пукофотпулӣ супориданд. Ҳамзамон, ба дастаи донишҷӯдухтарони футболбози донишгоҳ, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд, ифтихорномаву медалҳо, инчунин, ба ғолибони мусобиқаи кушод оид ба шашка ва шоҳмот, ки бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва инкишофи зеҳнӣ миёни устодон ва кормандони ДМТ гузаронида шуда буд, ифтихорномаву мукофотпулӣ супориданд.

Зимни муаррифии дастовардҳо ва супоридани мукофотпулиҳо ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. таъкид доштанд, ки дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ назаррас буда, моро лозим аст, ки барои боз ҳам такмил додани донишу маҳорати худ сайъ намоем ва соҳиби дастовардҳои нав ба нави илмию эҷодӣ гардем.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои мубрами фаъолияти донишгоҳ аз ҷониби аъзои Шӯрои олимон мавриди баррасӣ қарор гирифт.