
Имрӯз дар оғози ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дастовардҳои нави донишҷӯёни Донишгоҳро муаррифӣ намуд.
Зимнан зикр гардид, ки аз 29 сентябр то 3 октябри соли 2025 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, дар заминаи Донишгоҳи федералии Сибир, V Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба амнияти иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 600 иштирокчӣ аз 40 давлати ҷаҳон миёни ҳам рақобат намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин олимпиада донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Шарипов Зафар дар бахши ҳуқуқ ширкат намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ректори Донишгоҳ зимнан иштирокчиёнро барои таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав таманно намуданд.

