МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН ФОРУМИ QS АВРУОСИЁ 2025

16

Рӯзҳои 25-26-уми соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон аввалин форуми QS АвруОсиё баргузор гардид, ки доираи васеи ҳайати созмони раддабандии QS ва донишгоҳҳои маъруфи фазои АвруОсиёро гирди ҳам овард. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, сармутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, масъули Донишгоҳ оид ба кор бо раддабандиҳои байналмилалӣ Файзуллоев Комрон Султонович муаррифӣ намуд.

Форуми мазкур ба мавзуи “Густариши уфуқҳо: эҷоди пулҳои ҷаҳонӣ дар таҳсилоти олӣ” бахшида шуда, инчунин дар рафти бахшҳои гуногуни он перомуни масоили методологияи созмони раддабандӣ, омӯзиши дурусти низоми Элсевиер, ҷойгоҳи раддабандиҳо дар пешрафти донишгоҳҳо, меъёрҳои асосии воридшавӣ ба раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон ва тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳҳо вобаста ба раддабандиҳо баҳсу муҳокимарониҳо сурат гирифтанд. Бояд қайд кард, ки дар Форум намояндагони зиёда аз 20 давлати Авруосиё ширкат варзиданд. Намояндаи Донишгоҳ аснои Форум бо масъулини бахши кор бо раддабандиҳои ҷаҳонии донишгоҳҳои кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Британияи Кабир, Малайзия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия мулоқот намуда, барои густаришу тақвияти ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд. Дар баробари ин зимни Форум вохӯрии судманди намояндаи Донишгоҳ бо Раиси Шурои Директорони созмони раддабандии ҷаҳонии QS, муассиси ин созмони бонуфузи раддабандии ҷаҳонӣ ҷаноби Нунтсио Куикарелли сурат гирифт. Ҳангоми вохӯрӣ паҳлуҳои гуногуни густариши ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо QS мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҷойгоҳи Донишгоҳ дар ин раддабандии ҷаҳонӣ ва механизмҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор намуданд.