МУБОДИЛАИ АФКОР БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ РУСИЯ

439

Имрӯз (26.01.2023) ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба раёсати байналмилалии ДМТ ва роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (директори донишкада Мирзамонзода Хайрулло) бо намояндагони Донишгоҳи технологии Русия – Е.Н. Тарасовой ва Е.А. Слезкиной вохӯрӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо миёни доникада ва донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, ба хотири зиёд гардонидани дарсҳои маҷозӣ дар рафти баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон пешниҳодҳо намуданд. Қайд гардид, ки минбаъд низ дарсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ тариқи фазои маҷозӣ гузаронида мешаванд.