МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОН

328

Имрӯз (02.03.2023) дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзӯи «Бемориҳои саратонии узвҳои ҷинсии занон» баргузор гардид.

ар кори конференсия сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., и.в. декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А., профессори кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Абдураҳмонова Ф., мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Рафиева З., мудири кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лобороторияи клиникӣ, дотсент Каримова О., дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Қадамалиева М., ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Умарова М. ва унвонҷӯи кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Сафарова Д. доир ба бемории саратон, табобати саривақтӣ ва мубориза бар зидди саратон марӯзаҳо намуданд.

Зикр карда шуд, ки сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ тарзи ҳаёти танзимнашаванда, ҳолатҳои зиёди асабонишавӣ, ғизо, муҳити зист, ирсӣ будани он ва дигар омилҳо дида мешаванд. Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии беморӣ тарзи ҳаёти солимро пеша намуда, сари вақт аз муоинаи нақшавӣ гузаштан зарур аст.