Мухтасар: АЗ СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ НАВ ТО ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНҲОИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

594

(Чанд дастовард аз фаъолияти ДМТ дар нимсолаи аввали соли 2022)

-Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои ташкилию сохторӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмию хоҷагидорӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешида шуданд.

 -Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад, таҳия ва бо мувофиқаю дастгирии вазоратҳои адлия, маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо Оиннома сохтори донишгоҳ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардидааст, тасдиқ карда шуд.

-Санаи 9-уми июни соли 2022 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои давлатӣ бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

– Ҳамчунин, дар ин рӯз, тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муяссар гардид, бинои хобгоҳ, ки қаблан ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ истифода мешуд, баъд аз таъмири пурраи асосӣ (капиталӣ) баровардан ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил диҳад. Тавссути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мазкур барои 30 нафар омӯзгор ва корманди ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд хонаҳои хизматӣ омода гардида, дар ин рӯз ба онҳо супурда шуд, ки ин иқдоми наҷиби раёсати Донишгоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард.

-Санаи 30-юми марти соли ҷорӣ Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд.

– Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 792 нафар омӯзгорони унвони илмидори доимӣ фаъолият доранд, ки 60,4 фоизро омӯзгорони унвондор ташкил медиҳанд.

-Дар давраи ҳисоботӣ дар Шурои илмию методии донишгоҳ 6 ҷаласа барпо гардида, дар он 48 масъала оид ба фаъолияти таълимию методии донишгоҳ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифт, ки аз онҳо 32-тояшро масъалаи асосӣ ва 16-тояшро масъалаҳои ҷорӣ ташкил медиҳанд. 60 барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисос, 35 васоити таълимӣ, 34 дастури таълимию методӣ, 10 китоби дарсӣ ва 33 монография, ҳамчунин, маводи конференсия аз тарафи Шурои илмию методӣ муҳокима ва ба чоп тавсия гардид.

 -Яке аз меъёрҳои муқаррар намудани сатҳи сифати таълим ва дараҷаи азхудкунӣ натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ дар Донишгоҳ мебошад. Вобаста ба талаботи банди 79-и “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуруъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ вобаста ба талаботи барномаҳои таълимии фан дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шуд. Вобаста ба ин, ба муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки қабули имтиҳонҳоро дар шуъбаи рӯзона бо таносуби 60 % ба таври шифоҳӣ ва 40 % дар шакли тестӣ роҳандозӣ намоянд. Вобаста ба талаботи мазкур қабули имтиҳонҳои ниҳоии сессияи имтиҳонии нимсолаи дуюм дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври шифоҳӣ ва тестӣ сурат гирифт. Баъд аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонӣ дарҷаи азхудкунӣ дар шакли шифоҳии қабули имтиҳонҳо ба 73,2% ва дар шакли тестии қабули имтиҳонҳо натиҷаи азхудкунӣ ба 68,2 % баробар гардид. Сатҳи сифати таҳсил бошад, яъне бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудани имтиҳонҳо дар шакли шифоҳии қабули имтиҳонҳо ба 31,2% ва дар шакли тестӣ бошад ба 28,6 % баробар гардид. Дар шакли шифоҳии имтиҳонҳо аз миқдори умумии имтиҳонсупурдагон 838 (6,1 %) нафар ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супурда бошанд, дар шакли тестӣ бошад 764 (5,6 %) нафар ҳамаи имтиҳонҳоро бо аъло ҷамъбаст намуданд.

-Теъдоди донишҷӯёне, ки стипендияҳои номӣ мегиранд, дар донишгоҳ 48 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 13 нафарро гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. – Хатмкунандагоне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, 299 нафарро ташкил дода, муҳассилине, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳро хатм намуданд, 65 нафарро ташкил доданд. Хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ бошад, имсол 479 нафарро буда, аз онҳо 215 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ мебошанд.

-Дар озмуни гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал имсол хонандагони литсейи донишгоҳ иштирок намуда, 3 нафар хонандагони синфи 8 ғолиб дониста шуда, ҳоло гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. -Ҳайати устодону кормандон дар нимсолаи аввали соли 2022 роҷеъ ба 65 самт, 110 масъала ва 142 мавзуъ таҳқиқоти илмӣ гузарониданд.

-Соли равон дар пояи донишгоҳ 5 шурои диссертатсионии ФР ва 14 Шурои диссертатсионии КОА назди Президенти ҶТ фаъолият менамуданд. Тули давраи ҳисоботӣ дар шуроҳои диссертатсионии ФР 3 рисолаи докторӣ ва 13 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар Шурои диссертатсионии КОА назди Президенти ҶТ бошад 4 рисолаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос, 31 рисолаи номзадӣ ва 6 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуданд.

-Дар шаш моҳи аввали соли 2022 дар ДМТ 51 чорабинии илмии сатҳи гуногун баргузор гардид. 51 чорабинии илмии баргузоршударо 7 конференсияи байналмилалӣ, 40 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 семинари ҷумҳуриявӣ, 1 мизи гирди ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 1 семинари донишгоҳӣ ва 1 мизи гирди донишгоҳӣ ташкил медиҳад.

-Донишҷӯёни ДМТ дар Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” иштирок карда, ба озмун 31-то кори озмунӣ фиристониданд. Мувофиқи қарори комиссияи озмунӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 23 ҷой (6 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюм) ва 2 ҷой ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

-Соли ҷорӣ идораи патентии авруосиёгии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ Универсиадаи патентии Авруосиёгии «Взгляд в будущее (Нигоҳ ба оянда)» аз санаи 30 апрели соли 2022 то 30 майи соли 2022, байни 120 иштирокчӣ аз 8 давлат бо 53 лоиҳа инноватсионӣ иштирок намуданд, ки донишҷӯи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобокалонов Диловар Озарович сазовори ҷойи аввал гардид.

-Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳрух Забиров дар озмун ва нашри 4-умин китоби байналмилалии “Донишҷӯйи беҳтарини ИДМ”, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ доир гардид, иштирок намуда, ғолиб ва бо дипломи дараҷаи 1, нишони ифтихории “Беҳтарин донишҷӯ” сарфароз гардид. Озмуни мазкур аз ду давр иборат буд. Даври аввал дар Ӯзбекистон, даври дюум дар Қазоқистон баргузор гардид, ки донишҷӯёни курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ Кабирова Маҳноза Зафаровна ва Таиров Муҳаммад Набиҷонович дар бахши инноватсия бо лоиҳаҳои худ рӯзи 4-уми июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, ғолиб ва бо дипломи дараҷаи 1, нишони ифтихории “Беҳтарин донишҷӯ” сарфароз гардиданд.

-Рӯзҳои 16-18-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (MathOpen 2022 Belarus) байни 344 донишҷӯ аз 16 давлат доир гардид. Дар он донишҷӯёни донишгоҳ: Ҳикматулло Исматов – магистрант, соҳиби ҷойи 2-юм, диплом ва медали нуқра, Малик Ситамов – донишҷӯйи курси 4 бо диплом ва Раҳимзода Чеҳрон – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика соҳиби шаҳодатномаи иштирокчӣ гардидаанд.

 -Аввалин маротиба дар донишгоҳ дар партави эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 давоми ду рӯз (29-30-юми марти соли 2022) олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ки дар он 65 нафар донишҷӯ аз дохил ва хориҷи кишвар худро номнавис карда, сабқат намудаанд.

-Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номинатсияҳои гуногуни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла соли 2021 Донишгоҳи миллӣ бо соҳиб гардидани 6 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар муассисаву сохторҳои илмии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.

-Рӯзҳои 13-14-уми майи соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни ҷумҳурияви миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рӯйи самтҳои математика ва технологияи иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демография баргузор гардид. Дар ин озмун, ки донишҷӯён аз 34 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани 4 ҷойи якум ва 1 ҷойи сеюм дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.

-Рӯзҳои 26.05.2022 ва 27.05.2022 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни муҳассилин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дастаи Донишгоҳи миллӣ дар ин озмун бо гирифтани 22 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи аввал, 9 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардид.

-Соли ҷорӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид. Дар он 400 нафар донишҷӯ аз 35 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд. Дастаи олимпии донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо ишғоли 7 ҷой (6 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм) сазовори ҷойи аввал дониста шуда, соҳиби диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

-Самти тарбияи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ дар ташкил ва баргузорӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сатҳи гуногун саҳми сазовор гузоштааст. Аз ҷумла: 

+Чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ – 8 адад; 

+ Чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ – зиёда аз 30 адад;

+Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – 39 адад;

+Чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ – 25 адад; 

+Чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ – зиёда аз 70 адад.

 -Дар давраи ҳисоботӣ омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 164 медал, аз ҷумла 55 медали тилло, 81 нуқра, 48 биринҷӣ ба даст овардаанд. Аз 164 медал ба донишҷӯдухтарон 57 медал ва ба донишҷӯписарон 107 медал тааллуқ дорад. Аз шумораи умумии 164 медал дар маҷмӯъ 66 медал (21 тилло, 30 нуқра, 15 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 98 медал (34 тилло, 34 нуқра, 30 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ рост меояд.

-Дар соли таҳсили 2021-2022 бо ҳамтоёни хориҷӣ 14 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар ин давра бо мақсади гузаронидани презентатсия, густариши ҳамкориҳои дутарафа ва конференсияҳои илмию амалӣ намояндагони 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

-Дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 75 нафар устодон, кормандон, докторантон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристода шуданд.

 -Корҳои молиявию хоҷагидорӣ дар нимсоли сипаригашта назаррас аст. Сохтмони иншоотҳо, шинонидани дарахтҳои гуногун (сояафкан, ороишӣ, мевадиҳанда, гулҳои гуногуни ороишӣ), таъмиру тармими намои биноҳои таълимии донишгоҳ, роҳравҳои назди биноҳою хобгоҳҳои донишгоҳ, толору синфхонаҳо, утоқҳои корӣ аз ҷумлаи онҳост.