МУЛОҚОТ: ҲАДАФ РУШДИ ҲАМКОРИҲО

88

Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкили маркази таълимии фаронсавӣ, гузаронидани форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафар хонум Ясмин Гуедар чанд номгӯйи китобҳои илмию таълимиро ҳамчун туҳфа ба донишгоҳ оварданд. Китобҳои мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи «Biblionef», ки дар Фаронса фаъолият мекунад, нашр гардидааст.