МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

94

Бахшида ба Рӯзи иттифоқи касаба миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо дастгирии раёсати Донишгоҳ, ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва клуби варзишии ДМТ аз рӯйи намуди варзиши волейбол ва тениси рӯйи миз баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Самиев З. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ иштирок намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни донишҷӯёни Донишгоҳ мебошад. Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо дастаҳо аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ ташкил шуда, дар он ғолибон ҳавасманд гардонида шуданд.

ҲАМНИН ТАВР ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ:

Ҷойи якум – дастаи факултети фарматсевтӣ;

Ҷойи дуюм – дастаи факултети физика;

Ҷойи сеюм – дастаи факултети механикаю математика.

АЗ НАМУДИ ТЕНИСИ РӮЙИ МИЗ:

Ҷойи 1-ум дастаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо;

Ҷойи 2-юм дастаи факултети журналистика;

Ҷойи 3-юм дастаи факултети фалсафа.

Ғолибият муборак!