МУСОБИҚАИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДМТ

19

Бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонон, мусобиқаи тенниси рӯйи миз, ки бахшида ба Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (24 октябр) баргузор шуд, дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе низ иштирок карданд. Мусобиқа бо ҳузури теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор шуда, дар он намояндагони факултетҳои мухталифи Донишгоҳ ба рақобат баромаданд.

Ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.