НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

429

 Бо чунин унвон имрӯз (21.05.2022) дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабинии тарбиявию фарҳангӣ аз тамошои филми «Марди роҳ» ва тамошои дастовардҳои ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои таълим, тарбия, илм, фарҳанг ва фарзиш, инчунин, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои солҳои охири ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуда, саҳми ҷавононро дар рушду инкишофи донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуданд.

«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тули фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намудааст. Шумо низ ҷавонони азиз бояд идомадиҳандаи кору пайкори созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷик, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм намудаанд, бошед», -афзур Хушвахтзода Қ.Х..

Мирзозода И.Х. зимни суханронии хеш аз сиёсати ҷавонпарваронаи раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, саҳми ҷавонон-донишҷӯёнро дар амали намудани ҳадафҳои ҳизб ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат назаррас арзёбӣ намуд.

 Сипас маърӯзаҳои устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Б.Наимов «Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон-кафили ҳифзи давлатдории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ», узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» И.Гадоев «Рушди имкониятҳои иҷтимоии ҷавонон василаи ташаккули шахсияти онҳо» ва донишҷӯйи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора «Саҳми ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар» шунида шуд. Дар идомаи чорабинӣ ба роҳбарият ва зумрае аз кормандон-ҷавонони донишгоҳ Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи ДМТ супорида шуд.

 Ҳамзамон, ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва сарояндаи ҷавон Ҷ.Абдуллоев барномаи рангини фарҳангию фароғатиро манзури тамошобинон гардониданд.