НАҚШИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАҲРИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМАҲОИ ОМӮЗИШИИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

172

Чунончи қаблан иттилоъ дода будем, санаи 12-13 декабри соли равон дар шаҳри Москва аввалин Форуми байналмилалии “Екатиринский Форум-2023” баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавсуф дар мавзуи “Нақши ДМТ барои амалишавии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, пеш аз ҳама, табрикоти ректори донишгоҳро ба самъи иштирокчиёни Форум расониданд. Зимнан таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забони русӣ, тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Маҳз муҳимияти забони русӣ мебошад, ки аз муассисаҳои томактабӣ сар карда то муассисаҳои олии касбӣ ин забонро меомӯзонанд.

Дар идомаи баромади худ Ғаффорзода И.Ғ. ёдовар шуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту суханрониҳои хеш аз насли ҷавони кишвар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ ва англисиро талаб менамоянд.

Ҳамзамон, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнимиллатҳо эътироф гаштааст, ки ин барои беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши забони русӣ имкон фароҳам меорад.

Инчунин, қайд карда шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судмандро рӯи кор меорад, ки дар саргаҳи ин ташаббусҳо маҳз ректори донишгоҳ Хушбахтзода Қ. Х. қарор доранд.

Ғаффорзода И.Ғ. инчунин аз корҳои дар самти тарғиби омӯзиши забони русӣ ба сомона расонида ёдовар шуда, хотиррасон намуданд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. санаи 08 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забони русӣ дар муколамаи байнифарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

Ҳамзамон, 15 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон форуми XVI байналмилалии “Муколамаи забонӣ ва фарҳангии ИДМ дар асри XXI” ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Федератсияи Русия, Белорусия, Озорбойҷон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштрок доштанд.

Бояд таъкид кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои гуногуни Федератсияи Русия ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, ки дар заминаи ин ҳамкориҳо дар пояи донишгоҳ Фонди “Русский мир” ташкил карда шудааст.