НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ДАР САРНАВИШТИ СИЁСИИ ТОҶИКОН

41

Дар масири таърихи зиёда аз шаш ҳазорсолаи тоҷикон руйдодҳо ва лаҳзаҳои зиёдеро метавон мушоҳида намуд, ки дар сарнавишти давлату давлатдориамон нақши ҳаётан муҳим гузоштаанд. Дар ин замина агар таърихи сиёсии тоҷиконро таърихи муборизаҳои истиқлолиятхоҳӣ ва таърихи муқавиматҳои ҳуввиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар марҳилаи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, барои нигоҳ доштани мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва миллати тоҷик ҳамчун умумияти томи сиёсӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро аз нигоҳи этникӣ, тоҷикон дар шароити баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон дар сахттарин вазъияти муқовимати ҳуввиятӣ қарор доштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи суқути Иттиҳоди Шуравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ба даст овард. Вале баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа кишвар ба буҳрони амиқи сиёсию иҷтимоӣ, низомию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангӣ гирифтор шуд. Бо назардошти фалаҷ гардидани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ як қатор гуруҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва ҷараёнҳои бо ном миллии дар асл зиддимиллӣ ҳаракатҳои низомию сиёсии худро дар алоҳидагӣ ҳақиқати мутлақи сиёсӣ мепиндоштанд. Вале бехабар аз оне, ки чунин муборизаҳои бемаънӣ маънои шабохун задан ба сангари ормонҳои ҳазорсолаи таърихӣ ва арзишҳои давлатдории тоҷиконро дорад. Аз тарафи дигар фаъолияти гуруҳҳои мусаллаҳ дар фазои сиёсии Тоҷикистони тозаистиқлол ба омилҳои беруна ва доираҳои дигари тоҷикситез пайвастагӣ дошт.

Дар баробари ин мавҷудияти идеяи пешқадаме, ки тавонад тоҷиконро дар атрофи худ сарҷамъу муттаҳид сохта, якпорчагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд ба назар намерасид. Дар чунин шароит як катор зиёиёни аз истиқлоли фикрӣ маҳрум ба доми фиреби ҳаракатҳои зиддимиллӣ афтода, ҳамчун рушанфикр аз рисолати таърихии худ фосила гирифтанд.

Аз назари стратегӣ сарнавишти давлату миллати тоҷик дар остонаи нестию фано қарор дошт. Зеро аллакай баъзе омилҳо ва таҳдидҳои аз даст рафтани истиқлоли сиёсии бадастомада эҳсос мешуд, ки чунин ҳолат маънои аз байн рафтани мавҷудияти сиёсии тоҷикон ҳамчун умумияти томи сиёсиро дошт. Дар маҷмуъ, волоияти ҳокимияти сиёсӣ ва қудрати идораи кишвар аз даст рафта буд. Давлату давлатдории тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо бори дигар ба кучаи сарбастаи таърих омада буд. Бо назардошти воқеиятҳои мазкур сарнавишти сиёсии тоҷикон дар сари як мӯ қарор дошт.

Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ аз ҷониби як қатор абармардони миллат ва шахсиятҳои бедору худогоҳ андешаи баровардани давлату миллати тоҷик аз ин вартаи фалокату нестшавӣ ба миён гузошта шуд, ки дар натиҷа ба баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон боис гашт.

Ҳадафи асосии баргузор намудани Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон таҳкими авлавиятҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату миллати тоҷик дар марҳилаи нави ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон волотарин ормонҳои давлатдорӣ, аз ҷумла роҳи сиёсии интихобкардаи миллати тоҷик, таҳкими арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзии кишвар, аркони давлатдорӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлат, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва муқаддасоти дигари миллӣ таҷассум ёфт.

Хусусан, дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 масъалаҳои гуногуни давлату давлатдорӣ вобаста ба марҳилаи нави таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, 74 қонуну қарор ва фармон ба тасвиб расидааст, ки минбаъд дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург гузошт.

Воқеан, Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти сиёсии тоҷикон дигаргуниҳои куллиро ба миён овард.

Маҳз иродаи устувори вакилони мардумӣ буд, ки онҳо бо тамоми маъно рисолати таърихии худро дар назди Ватану миллат эҳсос менамуданд, то боиси дар фазои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи нави сиёсӣ зуҳур ёбад. Таърихи сиёсии тоҷикон низ дар ҳама марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз сарварони сиёсии қавиро ба саҳнаи сиёсати бузург ворид сохтааст.

Бояд зикр намуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби сиёсӣ аз 230 нафар вакилоне, ки мебоист дар кори Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзиданд, дар рӯзи 3-юм, яъне дар рӯзи 18-уми ноябри ҳамон сол 197 вакил иштирок намуданд, ки 186 нафари он ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон райъ доданд.

Дар маҷмуъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон кори худро аз фаъолияти сулҳофарӣ, баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ оғоз намуда, тавассути иродаи устувор, шуҷоати сиёсӣ ва маданияти стратегии худ дар эҳёи давлатдории миллӣ, ба эътидол овардани вазъияти низомию амнияти, тартиботи давлатӣ, барқарор намудани сулҳу субот, амнияти миллӣ ва таҳкими заминаҳои сиёсию ҳуқуқии рушди мамлакат нақши барҷаста гузошт.

Имрӯз тамоми музаффариятҳои давлатӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба фаъолиятҳои гуногунсамтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиреҳ хурда, дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти масоили обу иқлим, терроризми байналмилалӣ ва экстремизми хушунатомез мешиносанд.

БАРОТОВ ИСРОИЛ ИБРОҲИМОВИЧмуовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, устоди ДМТ