НАҚШИ ШОИСТАИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «700 СОЛ БО ҲОФИЗ»

49

Бо ифтихор иттилоъ дода мешавад, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланди илмӣ ба ҷашни 700-солагии зодрӯзи ориф ва шоири бузурги форс-тоҷик – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуда, аҳамияти хоссаи фарҳангиву маънавӣ дошт.

Дар ин ҳамоиш ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла устодони варзидаи факултети филология — профессор Сироҷиддини Эмомалӣ (декани факултет, доктори илмҳои филология), профессорон Бадриддин Махсудов, Мирзо Солеҳов ва дотсент Ваҳҳобзода Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ширкат ва саҳми устодони Донишгоҳ дар чунин як ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ мояи ифтихори ҷомеаи илмии кишвар мебошад. Хусусан, тибқи барномаи расмии конференсия, бахшҳои чоруми «Ҳофиз ва маънавият» ва панҷуми «Таъсири шеъри Ҳофиз ба мусиқии суннатӣ» таҳти раёсати профессор Сироҷиддини Эмомалӣ (Тоҷикистон) ва Аббос Чархчӣ (Фаронса) баргузор гардиданд. Роҳбарии ин бахшҳо ба муҳтавои илмӣ ва сатҳи баланди таҳлилии маърузаҳо шукӯҳи хос бахшид.

Дар ин бахшҳо маърузаҳои пурмуҳтаво, бо таҳлили амиқи осори Ҳофиз ва нақши ӯ дар ташаккули афкори маънавӣ ва фарҳанги мусиқии анъанавӣ манзури ҳозирин гардид. Олимони маъруф аз кишварҳои мухталиф бо маърузаҳои илмӣ ва нигоҳи нав ба мероси Ҳофиз андешаронӣ намуданд.

Ширкати фаъолонаи олимони тоҷик дар чунин як форуми бонуфузи байналмилалӣ гувоҳ аз сатҳи баланди илмии онҳо ва ҷойгоҳи шоистаи мактаби филологияи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.