НАҚШИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

383

(Курси омӯзишии “Зан-сарвар” дар ДМТ)

Бо чунин унвон имрӯз (26.10.2023) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензода курси навбатии омӯзишии “Зан-сарвар” доир гардид, ки дар курси мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд.

Курси мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н. оғоз гардида, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз лаҳзаи ба сари ҳокимият омаданашон то ин дам ба занону бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускори кишварамон самимият, садоқат, боварӣ ва эҳтироми хосса мегузоранд. Дар баробари ин, дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем”.

Зимнан муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз занон дар баробари мардон ҳамчун кормандони муваффақ дар ин ё он соҳаи дахлдори давлатию ҷамъиятӣ низ эътироф карда мешаванд. Онҳо нисбат ба мардон дар чунин соҳаҳои муҳим махсусан дар соҳаи тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, бонк, фарҳанг, нигоҳубини фарзандон ва пиронсолон, соҳаи хизматрасонӣ ва маълумот бартарӣ доранд.

Сарварии занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон аҳамият ва муҳиммияти ба худ хос дошта, диққати муҳаққиқону коршиносонро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар таҳким ва рушди равандҳои ҷомеа мақом ва нақши махсуси худро дорад.

Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб байни донишҷӯдухтарон ва меҳмон ба анҷом расид.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи курси омӯзишии “Зан-сарвар” бо иштироки занони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нишастҳо баргузор мегардад.

Ашуралиева Шахзода