НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

643

Имрӯз (05.06.2021) бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи МД “Наврӯзгоҳ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист намоишномаи дастовардҳои илмию техникӣ баргузор гардид. Дар намоишгоҳ намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур дастовардҳои Парки технологии ДМТ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва тамошобинон сазовори баҳои баланд гардиданд.