НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

26

29 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи Ассампшени шаҳри Бангкоки Тайланд нахустин Форуми ҳамкории консортсиуми омӯзиши байналмилалии Тайланд ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Фонди “Шоҳроҳи нави Абрешим” ташкил гардида, ҳадафи он таҳкими робитаҳои илмию маорифӣ миёни кишварҳои минтақа ва густариши ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти олӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Фаридун ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Файзуллоев Комрон намояндагӣ карданд.

Дар рафти суханронии худ, муовини аввали ректор Раҷабзода Ф. оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои илмию таълимии Донишгоҳ сухан ронда, аҳаммияти ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бахусус Тайланд, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳошияи форум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ассампшени Тайланд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи он, ҳамкориҳо дар самтҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, анҷоми таҳқиқоти муштарак, баргузории ҳамоишу конфронсҳои илмӣ ва дигар фаъолиятҳои дуҷониба ба роҳ монда мешаванд.

Ин иқдом марҳилаи нави муносибатҳои судманд миёни ду муассисаи таҳсилоти олӣ буда, заминаи боэътимоди ҳамкориҳои минбаъдаро фароҳам хоҳад овард.