НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР ДАР ДОНИШГОҲ

561

Имрӯз (17.06.2022) намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии муовини директори департаменти давлатҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Субир Лалл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуданд.

Ҳайати меҳмононро (Метю Гертнер – роҳбари дафтари Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, Наиля Менелашева ва Фарид Талшлӣ – иқтисодчиёни Хазинаи мазкур) намояндагони Вазорати молияи ҷумҳурӣ: муовинони вазир Юсуф Маҷидӣ ва Сарвар Қурбониён ҳамроҳӣ намуданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки баргузории вохӯрии мазкур дар самти баланд бардоштани донишҳои иқтисодии устодону кормандон ва донишҷӯён мусоидат менамояд.

 Зимнан таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1993 аъзои Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ, тавсеаи савдои ҷаҳонӣ, қарздиҳӣ, ба эътидол даровардани қурби асъор, машварат оростан бо кишварҳои қарздор, мусоидат дар омодасозии кадрҳои иқтисодӣ, таҳияи стандартҳои байналмилалии омори молиявӣ, ҷамъоварӣ ва нашри омори молиявӣ, ҷамъоварӣ ва нашри омори байналмилалӣ мебошад. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҳама самтҳо бо Хазинаи мазкур ҳамкорӣ дорад.

Сипас муовини директори департаменти давлатҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Субир Лалл дар мавзӯи «Дурнамои иқтисодии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ – барқарор намудани гуногунсамтӣ дар шароити ноором» суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни баёни мавзуъ дар робита ба самтҳои мухталифи мавзӯи нишаст далоили илмӣ – оморӣ манзур сохт. Аз ҷумла қайд намуд, ки Хазинаи мазкур дар қатори дигар давлатҳо дар соли 2020 ба Тоҷикистон маблағи муайян тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда пешниҳод намуд, ки он барои беҳбудии вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигоҳдории имконият барои хароҷоти муҳимми соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ вобаста ба бемории сироятии КОВИД-19 равона карда шуд.

Дар идома Субир Лалл оид ба масъалаҳои молиявӣ, буҳронҳо, сохтори хурди бозори молиявӣ, нобаробарии даромад ва таъсири тағйироти технологӣ ба иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар охир ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ташриф ва мулоқоти доктори илмҳои иқтисодӣ Субир Лаллро ба донишгоҳ иқдоми нек арзёбӣ намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Баъд аз вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбарии ректори донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Субир Лалл таассуроти хешро аз донишгоҳ дар дафтари хотироти Осорхона муассир навишта, истиқболи самимонаи роҳбарияти донишгоҳ, вохӯрии судманди устодону донишҷӯён ва боздиди маънавӣ аз Осорхонаи Пешвои миллатро як рӯзи таърихӣ барои намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор нимидааст.