НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИДОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ДОНИШГОҲ

104

Имрӯз (12.11.2024) дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони сохторҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхона, Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ва Маҷмааи варзишӣ боздил намуданд.

Муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Раҷабзода Фаридун ҳайати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ҷиҳати ташрифашон ба Донишгоҳ хайрамақдам намуд. Зимнан таъкид дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси ДМТ ва дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Пешвои миллат дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.

Дар аввал, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир он шинос шуданд. Сипас аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд. Бояд гуфт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори беназири Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 600 асар доир ба фаъолияту корномаи Пешвои миллат, ки аксаран аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Марказ бо сабку усулҳои хоси санъати меъморӣ ва миллии халқи тоҷик дар паҳлуи “Осорхонаи Пешвои миллат” сохта шудааст.

Ҳамзамон меҳмонон аз иншооти навбунёди Донишгоҳ – Маҷмааи варзишӣ дидан намуданд. Тамошои Маҷмааи варзишӣ дар шаҳрак низ муҷиби хушнудӣ ва ифтихормандии хатмкунандагони ин боргоҳ гардид ва онҳо сарфароз аз он гардиданд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамарӯза беш аз беш ободтару зеботар мегардад.