НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТ

307

Имрӯз (29.06.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони факултети иқтисод ва идора вохӯрӣ намуд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои фарогири фаъолияти факултет, бахусус он масъалаҳое, ки дар ҷаласаи қаблӣ (16.11.2021) пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан таъкид шуд, ки дар доираи вохӯрии қаблӣ нақшаи чорабинии факултетивӣ таҳия шуда буд ва дар заминаи он мушкилиҳои ҷойдоштаи факултет то андозае бартараф гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҷиҳати беҳтару хубтар намудани раванди таълиму тарбия дар самтҳои омода намудани донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва берун аз он, такмили корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ, ҷалби хатмкунандагон ба таҳсилоти магистратура, беҳтаргардонии машғулияти таълимию таҳқиқотии докторантҳо, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, таҳияи лоиҳаҳо ва грантҳо дар факултет, инчунин, беҳтаргардонии самти тарбияи факултет мушкилиҳо дида мешаванд, ки дар робита ба ин масъалаҳо масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом, декани факултет Исайнов Ҳ., устодони собиқадор, аз ҷумла д.и.и., профессорон Ғаниев Т.Б., Бобосодиқова Г.Б., Низомова Т.Д., дотсент Тағоев Ч.Х. суханронӣ намуданд.