НАВОИ ШАШМАҚОМ ДАР ФАЗОИ ДОНИШГОҲ: ГИРОМИДОШТИ ҲУНАРИ МИЛЛӢ

16

Имрӯз (12.05.2025) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шашмақом – 12-уми май таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи санъати миллӣ” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиш устодону кормандони Донишгоҳ, аз ҷумла намояндагони факултетҳои таърих ва журналистика фаъолона ширкат варзида, дар бораи таърихи пайдоиш, рушд ва мақоми Шашмақом дар фарҳангу ҳунари миллӣ андешаҳо иброз доштанд.

Ҳамоишро муовини ректори Донишгоҳ оид ба тарбия Маҷидзода Д. ифтитоҳ намуда, аҳаммияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва гиромидошти мероси фарҳангии миллӣ махсус таъкид кард.

Дар идомаи ҳамоиш дотсенти факултети журналистика Гулов Сангин, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷонибек Асрориён, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва овозхони ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода баромад намуда, дар бораи нақши устодони санъат, дастгирии давлат ва аҳаммияти омӯзиши Шашмақом дар замони муосир сухан намуданд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки Шашмақом ҳамчун мероси беназири фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар ба сатҳи байналмилалӣ баромадааст.

Ҳамоиш бо барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ ба анҷом расид, ки ба ҳамоиш шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.