НАЗОРАТИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ ВА ДАЪВАТ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ

138

Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро рӯйи даст мегиранд. Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати назорати самтҳои гуногуни фаъолияти Литсей масъулини донишгоҳ вазифадор гаштаанд, ки суҳбату вохӯриҳоро бо толибилмон ва масъулини литсей ташкил намоянд. Раиси шурои кураторони донишгоҳ Илҳом Ашуров дар ин самт ҳамчун сарпараст муаззаф гаштааст.

Имрӯз барои татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарият чунин суҳбату вохӯриҳо бо толибилмони литсей доир гардид. Ҳамзамон, масъул бо ронандаҳои автобусҳои литсей дар самти сари вақт расонидани хонандагон суҳбатҳои судманд оростанд.

Сари вақт иштирок намудан дар дарсҳо, риояи талаботи самтҳои таълиму тарбияи литсей, хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни суҳбатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан аз волидон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро хуб назорат намоянд. Гуфта мешавад, ки донишу одоб ва сару либоси фарзандон бояд аввал зери таваҷҷуҳи волидайн ва баъдан омӯзгорон қарор гирад.