Имрӯз (27.07.2023) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2023 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «дар ин давра, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҷараёни таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию иқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони раёсат омода ва дар ҷаласаҳои Шурои олимон баррасию бо фармоишҳои ректори Донишгоҳ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, раёсати донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуд». Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои ташкилию сохторӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмию хоҷагидорӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, муҳимтарин рӯйдоди соли ҷорӣ дар Донишгоҳ санаи 13-уми марти соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додаани он мебошад. Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво, аз ҷумла 10 синфхона барои синфҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошад, ки барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Донишгоҳ 10 ихтисоси муҳимму зарурӣ барои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарзро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида, ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлалтҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, гуфта шуд, ки тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ баъд аз таъмири пурраи капиталӣ баровардан ва азнавсозӣ кардани хобгоҳи №7 ба хонаҳои истиқоматӣ табдил додану ба 39 нафар омӯзгорону кормандони ҷавони Донишгоҳ дода шуд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар самти дастгирии иҷтимоии устодону кормандон роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ 10%-и дигар музди меҳнатро баланд бардорад. “Яке аз дастовардҳои муҳимми раёсати Донишгоҳ дар соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «26» июни соли 2023, таҳти №289 тасдиқ шудани намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар самти ба расмият даровардани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ иқдоми аввалин мебошад”- гуфта шуд дар нишаст.
Дар идомаи нишаст миёни ректори донишгоҳ ва рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои фаъолияти Студияи телевизиони таълимии факултети журналистика, қабули донишҷӯён, фаъолияти литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ, пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва ғайра саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар охир ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад. Пешниҳод намуд, ки оянда дар доираи нақша дар Студияи телевизиони таълимии факултети журналистика суҳбату вохӯриҳо бо ҷомеаи рӯзноманигорон ташкил мегардад ва иштироки рӯзноманигорон барои донишҷӯёни ихтисоси журналистика муҳим мебошад.