НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ТАВАҶҶУҲИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ

19

Имрӯз (1.08.2025) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки масъул аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, инчунин, беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «нимсолаи аввали соли 2025 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давраи хотирмон ба ҳисоб меравад Боиси сарфарозии ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 20-уми июни соли 2025 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд ва Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар Шаҳраки донишҷӯён мавриди истифода қарор доданд. Ифтитоҳи ин маркази наву замонавӣ самари воқеии сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии соҳаҳои калидии кишвар – тандурустӣ ва маориф мебошад.” Ҳамзамон, зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳимми давраи ҳисоботӣ дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз 17-уми марти соли 2025, таҳти №09 дар ҳаҷми 15% зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорону кормандон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, зеро таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маорифи кишвар ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии онҳо зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола андозаи музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 20% баланд мегардад.

Гуфта шуд, ки дастоварди дигари Донишгоҳ ба рушду инкишофи имкониятҳои илмию таълимӣ, ҷавобгӯ сохтани низоми таҳсил ба талаботи муосир ва бозори меҳнати ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи ҳафтуми ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи кушодани ихтисосҳои нав мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, аз ҷумла, моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, таъмини ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия иҷозат дода шуд, ки дорои хусусияти замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд.

Дар идомаи суҳбат Ректори Донишгоҳ доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии Донишгоҳ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба самтҳои мухталифи Донишгоҳ саволу ҷавоб сурат гирифт.